Якеро дафн карданд: Шаби сахти муҳоҷирон дар марзи Беларусу Лаҳистон - тасовир

Вазъ дар марзи Беларусу Лаҳистон ҳанӯз муташанниҷ боқӣ мемонад. Як муҳоҷири суриягӣ ҷон бохту Лаҳистон девори нави симдор месозад. Sputnik Тоҷикистон аз вазъи вахим дар марз гузориши тавсирӣ таҳия кардааст.
Sputnik

Вазъият дар марз

Ҳанӯз тобистони имсол дар марзи Беларус бо Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтика теъдоде аз паноҳандаҳо аз Ховари Миёна ва Африқо, ки мехоҳанд ба Аврупои Ғарбӣ гузаранд, афзоиш ёфта буд.
Вазъият 8 ноябр, вақте ки тақрибан ду ҳазор нафар дар марз ҷамъ омад, вахим шуд.
Рӯзи 12-уми ноябр як гурӯҳи муҳоҷирон тавонист аз тариқи гузаргоҳи Брузгии Беларус вориди қаламрави Лаҳистон шавад.