ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Соҳибкорони минтақаи Бохтари вилояти Хатлон давоми 10 моҳи соли равон бо харҷи 23 миллион сомонӣ беш аз 30 километр роҳро таъмир карданд, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Маҳмадулло Файзалиев, сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон гуфтааст, ки дар ин давра бо дастгирии соҳибкорон дар 14 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон беш аз 30 километри роҳҳои маҳаллӣ таъмирӣ асосӣ шудааст.
Ҳамзамон ба гуфтаи вай, беш аз 5 километр роҳ таъмири ҷорӣ, 173, 3 километр роҳ сангфарш карда шудааст.
Вай илова кард, ки ҳамчунин 26 пул бо тӯли 250 метр аз таъмир бароварда шудааст.
Манбаъ афзуд, ки дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони шаҳри Левакант ва ноҳияи Шаҳритус ягон километр роҳ таъмир нашудааст.