ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Толибон бояд ба ваъдаҳо ва уҳдадориҳои байналмилалӣ вафо кунанд, онҳо роҳи дигар надоранд, гуфт вазири умури хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов.
"Мо умедворем, мақомоти нави Афғонистон барои иҷрои ваъдаҳо ва уҳдадориҳои байналмиллалии худ ҳар коре, ки аз дасташон ояд, мекунанд", - гуфт Комилов дар мусоҳиба бо торномаи "Euractiv".
Вазир ёдовар шуд, толибон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ваъда додаанд, ки ҳукумате бар асоси намояндагии васеи мардуми Афғонистон таъсис дода, ба ҳуқуқи занон ва ақаллиятҳои миллӣ эҳтиром гузошта, бо терроризми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир мубориза мебаранд.
"Мо фикр мекунем, ҳукумати муваққати Афғонистон қодир аст, ин иқдомҳои анҷом диҳад, то ин кишвар дар ояндаи наздик ба як субъекти баробарҳуқуқи муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ, як ҷузъи ҷаҳони мутамаддин табдил ёбад", - гуфт Комилов.
Ба ақидаи ӯ, толибон "илоҷи дигаре надоранд, танҳо ҳамин метавонад мардуми афғонро ба пешрафту шукуфоӣ ва Афғонистонро ба сулҳи деринтизор раҳнамун созад".
Ғасби Афғонистон аз ҷониби толибон
Дар нимаи моҳи август толибон ба пойтахти Кобул ворид шуда, қасри президентро ишғол карданд. Бо ҳамин ҳокимият ба дасти ин гурӯҳ гузашт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ ниҳоят фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20-солаи Амрико дар Афғонистон хотима доданд.
Ҷангҷӯён ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистонро эълон карданд. Сарварии онро Муҳаммад Ҳасан Охунд, ки дар давраи аввали ҳукмронии ин гурӯҳ вазири хориҷа буд ва таҳти таҳримоти СММ қарор дорад, ба уҳда дорад.