ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Истеъмоли антибиотикҳо бидуни тавсияи пизишк зимни табобати коронавирус дар хона, иштибоҳи бузург мебошад. Дар ин бора Борис Чурадзе, сардухтури шабакаи клиникаҳои "К+31" дар суҳбат бо радиои Sputnik гуфт.
Ба гуфтаи мутахассис, антибиотикҳо дар мубориза бо бактерияҳои сироятӣ муассиранд, аммо дар қиболи вирус таъсире надорад.
Чунин доруҳо ба бемор замоне таъйин карда мешаванд, ки агар дар бадани ӯ ҳангоми сирояти COVID-19 дигар микроорганизмҳо пайдо шаванд, гуфт Чурадзе.
Вай қайд кард, ки бактерияи сироятӣ аксари вақт ба коронавирус ҳамроҳ мешавад, аммо то он замон пизишкон истеъмоли антибиотикҳоро тавсия намедиҳанд.
"Доруҳо метавонанд ба сифати аксуламали масуният таъсири манфӣ расонанд", - таъкид кард духтур.
Аз ин сабаб ҷисми инсон наметавонад ба таври муқаррарӣ бо вирус мубориза барад.
Беасос истифода бурдани антибиотикҳо боиси афзудани муқобилияти микроорганизмҳои касалиҳо ба ин доруҳо мегардад, гуфт Чурадзе.
Вақте ки дору лозим мешавад, он чандон муассир нахоҳад буд.
Пеш аз истифодаи дору машварат бо духтур ҳатмист: ӯ миқдори заруриро таъин ва вақти истеъмолро муайян мекунад.
Агар ҳарорати шумо то 38 дараҷа боло рафту нафасатон тангӣ кард, ҳатман барои ёрии тиббӣ муроҷиат кунед, хулоса кард духтур.