Арзёбии Гинсбург аз ваксинаҳои димоғӣ: Ҳич асари манфие надоранд

Мудири Маркари Гамалея гуфт, васинаҳое, ки аз тариқи бинӣ вориди бадани инсон карда мешаванд, ҳич асари манфие надоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Александр Гинсбург дар суҳбат бо РИА “Новости” гуфтааст, аз васкинаҳои димоғии алайҳи SARS-CoV-2 ҳич асари манфие кашф нашудааст.
“Дар ваксинаҳое, ки аз тариқи бинӣ вориди бадани инсон карда мешаванд, дар ҳоли ҳозир ҳич асари манфие мушоҳида накардаем”, - гуфт мудири Маркази миллии таҳқиқотии эпидемиологӣ ва микробиологии ба номи Гамалея Александр Гинсбург.
Гуфта мешуд, дар авосити октябри имсол Вазорати беҳдошти Русия таҳқиқи клиникии SPRAY 08-Гам-КОВИД-Вак-2021-ро, ки аз тарафи Маркази Гамалея таҳия шуда буд, иҷозат додааст.
Дар ҳамин ҳол оқои Гинсбург ҳамчунин гуфтааст, масъалаи истифодаи ин дору алайҳи вируси корона, ҳамчунин моякӯбӣ аз тариқи таҳқиқи клиникӣ ҳал мешавад, ки феълан посухи бидуни ибҳоме дар ин замина вуҷуд надорад.
Ба қавли ин донишманд, ин ваксинаро бояд ҳадди ақал дар шаш моҳ ва эҳтимол камтар аз ин муддат низ як бор гирифт, аммо ин масъала ҳоло ҳам мавриди омӯзиш қарор дорад.