ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар зимни иҷрои барномаи COVAX ба Тоҷикистон боз 369 ҳазор воя ваксина алайҳи вируси COVID -19 фиристода шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, шаби 14-уми ноябр ба ҷумҳурӣ 192 ҳазор воя ваксинаи "AstraZeneka" ва 117 ҳазор воя "Pfizer-BioNTech" ворид гардида, ки намояндагони ин ниҳод онҳоро дастрас кардаанд.
Илова бар ин вазорат хабар дод, ки субҳи рӯзи 15-уми ноябр Ҷумҳурии Латвия ба Тоҷикистон 60 ҳазор воя ваксинаи "AstraZeneka"-ро ҳамчун кумаки башардӯстона ирсол кард.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон ҳоло ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус маъракаи ваксиназанӣ идома дорад.
Дар ҳамин ҳол то 12 ноябр дар Тоҷикистон, дар асоси нақшаи пешбинишуда, ду миллиону 758 ҳазору 384 нафар ва ё 47,3 дарсади сокинон моякӯбӣ шудаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 2 миллиону 265 ҳазору 815 нафар шаҳрванди мамлакат гирифтааст. Илова бар ин маъракаи ваксиназанӣ миёни сокимнони шаҳри Душанбе 100,4 фисад иҷро гардидааст.
Тибқи омори охири Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ ҷамъан 17 091 нафар гирифтори коронавирус шуданд, ки аз ин миён 16 965 нафар шифо ёфта, 124 бемор фавтидааст.
Вазорат мегӯяд, ҳоло дар мамлакат ҳамагӣ ду бемор мавриди табобат қарор дорад.