Меҳ мефарояд: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

Ҳавои Тоҷикистон бебориш шуда дар баъзе минтақаҳои меғ мефарояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 10-15 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук, рӯзона 4-1 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 3+2 дараҷа, рӯзона 11-16 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.
Дамои ҳаво дар водиҳо дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа, рӯзона 12-17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3°, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар буда, туман мефарояд. Шабона 2-4 дараҷа ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.