Хонандагони тоҷик дар "Ал-Фарғонӣ" соҳиби 7 медал шуданд

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои иштирокчӣ пас аз давлатҳои Русия ва Қазоқистон мақоми 3 -юмро соҳиб гашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи байналмилалии "Ал-Фарғонӣ", ки бори нахуст дар Ӯзбекистон баргузор гардид, ба 7 ҷойи ифтихорӣ сазовор гардиданд.
Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, олимпиадаи мазкур аз 7 то 12 ноябри соли ҷорӣ миёни хонандагони 18 давлати дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркманистон, Қирғизистон, Уммон, Туркия, Қатар, Миср, Кувейт, Либия, Малайзия, Нигерия, Сенегал ва Тайланд баргузор гардид.
Дар олимпиада аз ҳар давлат ду дастаи иборат аз 8 хонанда ва 4 роҳбар иштирок намуданд.
Хонандагони тоҷик дар Туркия 10 медали тило гирифтанд
Манбаъ меафзояд, 8 нафар хонандаи тоҷик сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 1 медали тило, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд, ки дар миёни кишварҳои иштирокчӣ, пас аз давлатҳои Русия ва Қазоқистон мақоми 3-юмро соҳиб гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 31октябр то 7 ноябри соли дар шаҳри Анталияи Туркия низ 13-умин Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия, забони англисӣ, география, биология, таърихи ҷаҳон, ҳифзи муҳити атроф, рассомӣ ва сайёҳӣ баргузор гардид.
Дар ин олимпиада хонандагон аз Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркия иштирок намуданд.
Аз Тоҷикистон 93 хонанда иштирок кард ва сазовори 68 ҷойи ифтихорӣ (20 медали тило, 22 медали нуқра ва 26 медали биринҷӣ) гардиданд.