ДУШАНБЕ, 15 ноя – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар додааст, ки Намояндаи USAID да бахши беҳдоштӣ дар Тоҷикистон Кристофер Баррет аз анбори махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки дар он ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 нигоҳдорӣ мешаванд дидан кард.
Тибқи иттилои манбаъ ин иқдом бо мақсади шиносоӣ бо вазъи нигоҳдории вояҳои ваксинаҳои зидди бемории коронавирус, ки дар чорчӯбаи фаъолияти механизми КОВАКС ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19 вориди Тоҷикистон шудаанд, сурат гирифт.
Тибқи иттилои манбаъ, ваксинаҳои зидди бемории COVID-19 дар анбори махсуси вазорат ва дар яхдонҳои махсус тибқи талаботи муқарраргардида нигаҳдорӣ шуда, дар асоси нақшаи пешбинишуда бо нақлиётҳои махсус ба муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд.
Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Ҳукумати Амрико ҷиҳати расонидани вояҳои ваксинаҳои зидди бемории коронавирус ҳамчун кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кардааст.
Муовини вазир ин ташаббусро идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар арзёбӣ кард.