ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тоҷикистон чун кишварҳои дигари ИДМ пайомадҳои пандемияи коронавирусро паси кард, хабар дод "Российская газета" бо такя ба Вазорати рушди иқтисоди Русия.
Манбаъ афзуд, ки ҳаҷми савдо миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нимсолаи аввали соли 2021 ҳудуди 26 дарсад афзоиш ёфтааст.
Таъкид шудааст, ки тайи нуҳ моҳ гардиши мол дар минтақа ҳудуди 70 миллиард долларро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар охири соли 2020 муодили 73,4 миллиард доллар шуд.
Ба гуфтаи Маркази содиротии Русия, Вероника Никишина, ҳаҷми молҳои ғайримаъданӣ ва ғайриэнергетикӣ дар ҳаҷми умумии содирот афзоиш ёфтааст.
Дар навбати худ сариқтисодчии Бонки рушди АвруОсиё, Евгений Винокуров қайд кард, ки фаъолии кишварҳои ИДМ барқарор шуда, метавонад аз сатҳи то пандемия як дарсад боло равад.
Ба тамоюли мусбат омилҳое ба монанди сабук кардани сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетӣ, афзоиши талаботи ҷаҳонӣ ва болоравии нархи маҳсулоти содиротии кишварҳо мусоидат кард.
Дар пайи уфт интизор меравад, ки ҳаҷми ММД дар минтақа ҳудуди чор дарсад боло равад. Кишварҳо зарфияти хуби истифоданашуда доранд, таъкид намуд Винокуров.
"Омилҳое мавҷуданд, ки дар ҷаҳон ва дар минтақаи мо низ даври ҷадиди сармоягузорӣ оғоз мегардад. Ниҳодҳои давлатӣ дар бахши ҳимояти сармоягузорӣ фаъол мебошад", - таъкид намуд намояндаи Бонки рушди АвруОсиё.
Ӯ илова намуд, ки дар соли 2022 рушди иқтисод дар минтақа аз ҳадди то пандемия бештар хоҳад шуд.