Нақшаи буҷа барзиёд иҷро шуд: аз ҳисоби ҷарима, барқарорсозии зарар ва гумрук

Ба буҷаи давлатӣ дар нуҳ моҳи соли равон 20,7 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша наздики 5 дарсад зиёд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя – Sputnik. Машраб Қурбоналӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар умури иқтисод ва молия мегӯяд, даромади буҷаи давлатӣ дар нуҳмоҳа 30,8 дарсади ММД ё худ 20,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки аз нақша 4,8 дарсад зиёд мебошад.
Нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Машраб Қурбоналӣ афзудааст, ки воридоти маблағҳо нисбат ба нақшаи пешбинишуда 950,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки иҷрои барзиёди нақша дар ҳаҷми 552,1 миллион сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои андозию гумрукӣ, 120,9 миллион сомонӣ аз ҳисоби пардохтҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳои судӣ, зарари молиявии барқароршуда ва дигар маблағҳо, 277,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби азхудкунии маблағҳо дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ таъмин гардидааст.
Ба буҷет 600 миллион сомонӣ кам ворид шуд: Кумита гуфт чаро нақшаи андоз иҷро нашуд
Ин дар ҳолест, ки дар бахши буҷаи ҷумҳуриявӣ маъмурини андоз нақшаро иҷро накардаанд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири парлумон гуфт, нақшаи даромади буҷаи ҷумҳуриявӣ низ дар маҷмуъ 103,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷа ҳудуди 8,8 миллиард сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша ҳудуди 302 миллион сомонӣ зиёд аст.
Вазир таъкид намуд, ки иҷрои нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби Хадамоти гумрук 111 дарсад ва аз ҳисоби Кумитаи андоз 91,2 фоиз таъмин гардидааст.