Ҳакимов аз марҳилаи навбатии барномаи Х-Фактор гузашт - видео

Фахриддин Ҳакимов, овозхони 29-солаи тоҷик даври навбатии озмуни Х-Фактор дар Белорусро гузашт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Овозхони тоҷик бо нашри як навор дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод, ки аз марҳилаи навбатии озмуни Х-Фактор гузашта, иттилооъ дод, ки ҳунарнамоияшро идома диҳад.
Навори марҳилаи навбатии озмун дар саҳифаи махсуси Х-Фактор нашр шуда, дар он Ҳакимов баъди ҳунарнамоияш гуфт, ҳар чӣ дар тавонаш буд иҷро кард ва умед дорад, ки мақбули тамошобинон шуд.
Қаблан Ҳакимов дар Х-Фактор дар Белорус суруди "Рақс болои шиша" ё худ "Танцы на стеклах" - и Максим Фадеевро иҷро карда, мухлисону доваронро тасхир намуд.
Олга Бузова, яке аз доварон дар пайи овозхонии Ҳакимов гуфт, сухане барои тасвири таассуорташро надорад. Серёга афзуд, ки иҷрои суруд хеле ҳаяҷонбахш буда, Ҳакимов ҳатто аз Фадеев беҳтар хонд. Ҳамин тариқ овозхони тоҷик ба даври навбатӣ роҳ ёфт.
Фахриддин Ҳакимов қаблан низ дар барномаи “Ну-ка, все вместе”-и телевизиони Русия беш аз 90 ситораи шоу-бизнеси ин кишварро тасхир ва водор ба ҳамовозӣ карда буд.
Дар барномаи “Ну-ка, все вместе”, иштирокчӣ бояд бо сурудхонияш 100 довар - асосан ситораҳои шоубизнеси Русияро моил мекард, ки бархезанду ҳама якҷоя суруд хонанд. Ҳар қадар довари бештар бо иштирокчӣ ҳамовозӣ кунад, ҳамон қадар холи бештар мегирифт. Фахриддин Ҳакимов дар барнома аз 100 холи имконпазир 91 холро ба даст оварда буд.