Рӯстам Пӯлотов "лимит"-и барқ дар Суғдро шарҳ дод

Масъулони Идораи тақсимоти барқ дар вилояти Суғд дар бораи муроҷиати бештари сокинон роҷеъ ба мушкили қатъшавии нерӯи барқ мегӯянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Рустам Пӯлотов, раиси ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан мегӯяд, рӯзҳои охир муроҷиати сокинон аз шаҳру навоҳии Суғд доир ба мушкили қатъкунии интиқоли барқ ба унвонии ин идора бештар шудааст.
Тақсимоти барқ дар шаҳру навоҳии Суғд аз ҷониби ФҶСШ “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан танзим мешавад.
Пӯлотов гуфт, то кунун реҷаи барқрасонӣ номуайян боқӣ мондааст ва ин вазъ сокинонро водор намудааст, ки сабаби аслӣ ва реҷаи барқрасониро дақиқ намоянд.
“Реҷаи барқрасониро Хадамоти фаврӣ - таъминотии ширкати “Барқи Тоҷик” муайян мекунад. Аз сабаби номуайян боқӣ мондани реҷаи барқрасонӣ сокинони зиёд муроҷиат мекунанд”, - гуфт, раиси ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Истаравшан.
Масъулони идораҳои тақсимоти барқ сабаби ин вазъро ба ҷараёни таъмир дар хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқинтиқолдиҳанда шарҳ медиҳанд.
Аммо ба саволи он, ки таъмир то чи вақти дигар идома мекунад, Рустам Пӯлотов танҳо гуфт, ки “ба ин савол бисёр ба ӯ муроҷиат мекунанд. Барои маълум намудани реҷаи барқрасонӣ ба унвони роҳбарияти “Барқи Тоҷик” мактуб ирсол намудем ва рӯзҳои наздик реҷаи барқрасонӣ муайян хоҳад шуд”.
SMS аз "Барқи тоҷик": Агар сарфа накунед, нерӯи барқ бе огоҳӣ қатъ мешавад
Мушкили қатъкунии интиқоли барқ дар кишвар ҳанӯз дар оғози моҳи октябр шурӯъ шуда буд. Аммо дар ду ҳафаи охир вазъи барқрасонӣ дар шаҳру навоҳии кишвар боз ҳам мушкилтар шудааст ва сокинон деҳот ва ҳатто наздишаҳрӣ мегуянд рӯзона ва ҳам шабона барқи хонаҳо хомӯш карда мешавад.
Умар Шокиров, як сокини ҷамоати ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, бо сард шудани ҳарорати ҳаво барқрасонӣ ба деҳаи онҳо маҳдуд шудааст.
“Дар деҳаи Кулангир рӯзҳои охир шабона, аз соати 23:00 гоҳе аз соати 22: 00 то 4:00 барқ қатъ мешавад. Рӯзона аз соати 8:00 то 17, гоҳе то 18:00 и бегоҳ аз рӯшноӣ бебаҳраем”, - изҳор намуд Шокиров.
Сокинони дигар навоҳии Суғд ҳам дар бораи мушкили қатъшаваии барқ дар хонаҳояшон таъкид меварзанд.