ДУШАНБЕ, 13 ноя – Sputnik. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Суғд санги асоси бинои иловагӣ гузошта шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ВКД.
Гуфта мешавад, ки маросими оғози кор бо ширкати вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, бинои маъмурии сохташаванда аз чор ошёна бо таҳхона иборат буда, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла 45 утоқи корӣ, ошхона, меҳмонхона ва толори варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Раҳимзода ва Аҳмадзода зимни ошноӣ бо лоиҳаи иншооти навсохтмон ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас додаанд.
Манбаъ мегӯяд, бинои мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2022 ба истифода дода хоҳад шуд.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон афзуда, ки Рамазон Раҳимзод дар паи ин сафари корӣ омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар тамоми сохторҳои қудратӣ дар вилояти Суғдро санҷидааст.
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода омодагии сохторҳои қудратӣ ба зимистонгузарониро дар вилояти Суғд месанҷад
© ВУД Тоҷикистон
Аз натиҷаи ин санҷиш гузориш дода нашудааст.