Заминҷунбӣ дар Тоҷикистон

Дар қаламрави кишвар заминларзае ба шиддати 4,7 балл рух дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларзаи нав ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон
Ба иттилои манбаъ, заминларза соати 14:35 ба вақти маҳаллӣ дар шимоли Тоҷикистон ба шиддати 4,7 балл дар умқи 146 километр рух додааст.
Қайд карда мешавад, ки масофа аз маркази заминларза то Тошканд дар самти Ҷанубу Шарқ 505 километрро ташкил медод.
Заминларза дар Тоҷикистон
Тоҷикистонро боз заминҷунбӣ такон дод
КҲФ Тоҷикистон то ҳол дар бораи ва пайомадҳои эҳтимолии заминларза хабар надодааст.
Зилзилашиносони ӯзбек мегӯянд, ин панҷумин мавриди зилзила дар Тоҷикистон аз аввали моҳи ноябр аст.