Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати нақлиёт: устоди донишгоҳ мудири муассисаи ҳамлу нақл шуд

Мужчина закрывает портфель, архивное фото
Устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ мақомдори давлатӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Саломзода Раҳмиддин Салом директори Муассисаи давлатии "Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ" таъйин шуд.
Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати нақлиёт ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Гуфта мешавад, Саломзодаро вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим тибқи як фармоиш ба ин маснад таъйин кардааст.
Қаблан роҳбарии ин муассисаро Қурбоналӣ Хизиров бар уҳда дошт.
Низом Мирзозода
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Зодаи Хатлон ва 59 -сола: Киро президент муовини раиси ВМКБ таъйин кард
Саломзода Раҳмиддин фориғ-ут-таҳсили Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии техникии роҳу нақлиёти Маскав мебошад.
Тайи чанд соли охир Саломзода мудири кафедраи ташкили интиқол ва идора дар нақлиёти ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ буд.