Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Кӣ шикаст хӯрд? Тавсифи вазири дифоъ аз артиши Қирғизистон дар даргирӣ бо Тоҷикистон

Вазорати дифои Қирғизистон гуфт, ки қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ барои таъмини мудофиаи кишварашон ва амнияти аҳолии он захира доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Маҳз артиши Қирғизистон даргириҳои мусаллаҳонаро баҳори соли гузашта дар марз бо Тоҷикистон қатъ кард, гуфт вазири дифои Қирғизистон Бахтибек Бекболотов дар нишасти матбуотӣ, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ба гуфтаи вазир, низоъро давлатҳо ҳал карданд. Бекболотов зикр кард, ки расонаҳо ва ҷомеа баҳс доранд, ки кадом тараф талафоти зиёд дидааст ва кӣ бурду кӣ бохт.
"Худи мафҳуми даргирии мусаллаҳонаи ҳама гуна миқёс, талафотро дар пай дорад. Мо наметавонем дар бораи талафот маълумот диҳем. Ман мегӯям, ки мо се нафар - ду афсар ва як прапоршикро аз даст додем. Агар хоҳед бидонед, ки аз тарафи ҳамсоя чӣ қадар талафот буд, маслиҳат медиҳам, ки ба он ноҳияҳо равед.

Аҳолии маҳаллӣ маълумоти бештаре дорад. Агар бигӯем, ки мо бохтем... Дар баъзе ҷойҳо садоҳое ба гӯш мерасанд, ки он замон артиши қирғиз чӣ кор мекард? Видеоҳоро тамошо кунед, ин артиш буд, ки низоъро боздошт. Аҳолии маҳаллӣ ба шумо нақл мекунанд, ки мо дар он ҷо чӣ кор кардем”, - гуфт вазир.

Вай таъкид кард, оғоз кардани ҷанг осон, аммо боздоштанаш хеле мушкил аст, гуфт ӯ.
Вазири дифои Қирғизистон итминон дод, ки артиш барои таъмини амнияти аҳолӣ ва марзи давлатӣ нерӯи ҷангӣ ва кадр дорад.
Харидории ҷангандаҳои муосир: Қирғизистон барои таҳкими марз барномаи вижа қабул кард
Бекболотов афзуд, таҷҳизоти низомие, ки аз тариқи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ харидорӣ мешавад, барои таъмини амнияти кишвар пешбинӣ шудааст, аммо ӯ аз гуфтани теъдоди дақиқи ҳавопаймоҳо худдорӣ кард.

Таърихи муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 28 апрел вахим шуд. Дар маркази тақсимотии оби "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, байни сокинони ду кишвари ҳамсоя муноқиша ба амал омад.
Мақомоти ҳарду кишвар бар ин боваранд, ки макони тақсими об дар қаламрави онҳо ҷойгир аст, аммо ҳанӯз ин масъала ҳал нашудааст.
Рӯзе баъд, 29 апрел низои байни сокинони маҳаллӣ ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Дар ин росто вазирони умури хориҷӣ ва нахуствазирони ду кишвар музокироти изтирорӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа дар бораи оташбас ва хуруҷи техникаи низомӣ аз марз тавофуқ ҳосил, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ аз сар гирифта шуд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҷабборов: Омодаи ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонем, аммо як метрро намедиҳем
Дар натиҷаи муноқиша 19 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуд, 87 нафари дигар, аз ҷумла шаҳрдори Исфара низ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки дар ин муноқиша 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва тақрибан 200 нафари дигар аз онҳо захмӣ шудаанд.
Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар табдил меёбад.
Сабаби асосӣ қитъаҳои заминҳои тақсимнашуда аст; ҷонибҳо дар бораи аломатгузории зиёда аз 70 қитъаи замини баҳсбарангез аз замони пош хӯрдани ИҶШС то кунун ба мувофиқа нарасидаанд.