Намози ҷумъаи хунин: таркиши мудҳише дар як масҷиди Афғонистон

Теъдоди захмиёну кушташудагон бар асари таркиши мудҳиш дар масҷиде дар Нангарҳор дақиқ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар масҷиди вилояти Нангарҳори Афғонистон таркиши мудҳиш рух дод, хабар медиҳад шабакаи "Ал-Ҷазира".
Ба иттилои манбаъ, таркиш зимни намози ҷумъа рух дод. Ҳоло маълум нест, ки бар асари ин ҳодисаи даҳшатбор чанд нафар қурбон шуд.
Манбаъ танҳо аз захмӣ шудани 15 намозгузор гузориш додааст.
Таркиш дар наздикии Вазорати корҳои хориҷаи Афғонистон: 7 кушта 19 захмӣ
Ҳадс зада мешавад. ки ин навбат ҳам ҷангиёни ДОИШ* ин ҳамларо пиёда намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 8 октябр дар як масҷиди шиаҳо дар бандари Хонободи вилояти Кундуз таркиши бузург ба амал омад. Бар асари ин таркиш тақрибан сад ғайринизомӣ кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Ҳамла ба масҷид замоне сурат гирифт, ки дохили он теъдоди зиёде намози ҷумъаро адо мекарданд.
*-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия