ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Уламои Маркази илмии 27-уми Вазорати дифои Русия мукаммили фаъоли биологие таҳия кардаанд, ки қодир аст, ғилзати COVID-19-ро дар нафари гирифтор 16 баробар коҳиш диҳад, гуфтааст сардори нерӯҳои дифои ташаъшуӣ, кимиёӣ ва биологӣ Игор Кириллов дар суҳбат бо рӯзномаи “Красная звезда”.
“Пас аз арзёбии баҳраварии мукаммилҳои фаъоли биологӣ дар қиболи вируси корона дар моҳи ноябр яке аз онҳо аз сабти давлатӣ гузашт. Таҷриба собит кард, ки дар дувум рӯзи истифодаи МФБ дар ғизо, ки КовБАД унвон шудааст, теъдоди вирусҳо дар пешгоҳи ком ду баробар ва дар зимни истифодаи бори шашуми он 16 баробар коҳиш меёбад”,- гуфт ӯ.
Гуфта мешавад, кулли ниҳодҳои илмии Русия барои дарёфти васоити мубориза алайҳи коронавирус даст ба кор шудаанд. Ҳамчунин Маркази 48-уми нерӯҳои дифои ташаъшуӣ, кимиёӣ ва биологӣ дар таҳияи ваксинаи “Спутник V” иштирок доштааст. Гузашта аз ин мутахассисони ин муассиса дар садади сохтани ваксинае алайҳи коронавирус дар шакли сақич ҳастанд.