Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Собянин аз беҳбуди вазъи коронавирус дар Маскав гуфт

Мири шаҳри Маскав Сергей Собянин мегӯяд, ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар пойтахт рӯ ба коҳиш ниҳодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Вазъи коронавирус дар Маскав рӯ ба беҳбуд ниҳодааст, менависад РИА "Новости" аз қавли Сергей Собянин, мири пойтахт.
Ба гуфтаи шаҳрдор, ҳафтаи равон мизони гирифторӣ ба коронавирус воқеан коҳиш ёфтааст. Ӯ зикр намуд, ки эълон шудани як ҳафтаи ғайрикорӣ самар дод ва ҳоло теъдоди гирифторони ин дард ба маротиб коҳиш ёфтааст.

"Вақте мо дафъаи гузашта суҳбат кардем, аз коҳиши беморӣ гуфтем, аммо ин вазъ дар рӯзҳои ғайрикорӣ рух дод. Ҳафтаи равон мо мебинем, ки сабти ҳодисаҳои нав ва бистарӣ шудани беморон кам гардидааст", - тавзеҳ дод мири шаҳри Маскав.

Дар ҳамин ҳол Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус дар Русия омори нави гирифторӣ, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро нашр намуд.
Ба иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта боз беш аз 40 ҳазор нафар гирифтори коронавирус шудааст.
Таҳияи мукаммили фаъоли биологие дар Русия, ки ғилзати COVID-19-ро коҳиш медиҳад
"Дар давоми 24 соати охир дар 85 минтақаи Русия 40 123 нафар бемор шуд. Аз ҷумла, 5 183 бемор дар шаҳри Маскав сабт гардид", - омадааст дар хабар.
Маврид ба зикр аст, ки аз ин пеш 6 240 нафар дар як шабонарӯз гирифтори коронавирус шуда буд.
Дар ҳамин ҳол ситоди мазкур аз фавти 1235 нафар хабар дод ва мураххас шудани беш аз 33 ҳазор нафарро низ эълон кард.