Фадеев: муҳоҷирон бояд забони русиро донанд

Владимир Фадеев аз Маркази муҳоҷират дар Сахарово боздид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Раиси Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башари назди президенти Русия Валерий Фадеев гуфт, муҳоҷироне, ки барои кор ба Русия меоянд, бояд забони русиро донанд.
Дар ин бора ӯ зимни як конфронси онлайнӣ дар мавзӯи кӯчонидани Маркази ягонаи муҳоҷират сухан гуфт.
Ба гуфти Фадеев, надонистани забони русӣ боиси он мешавад, ки хориҷиён аз майдони қонунӣ дар қаламрави Русия берун шаванд.
"Агар муҳоҷири корӣ забони русиро надонад, ӯ аз соҳаи коммуникативӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ хориҷ мешавад ва дар майдони миллӣ боқӣ мемонад", - таъкид кард Фадеев.
Раиси Шӯрои назди Президенти Русия ҳамчунин шахсан аз Маркази муҳоҷират дар Сахаровои Маскав дидан кард.
Маркази ягонаи муҳоҷират ба Сахарово кӯчонида мешавад
Фадеев дар он ҷо кори марказро санҷиду супоридани имтиҳон ва гузаштани муоинаи тиббиро аз ҷониби муҳоҷирон мушоҳида кард.
"Маркази муҳоҷират таассуроти мусбӣ гузошт, кори худи марказ хуб ба роҳ монда шудааст", - гуфт ӯ.