ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тоҷикистон аз рӯи арзёбии интернет миёни қариб 140 давлати дунё дар зинаи 129-ум боқӣ мондааст.
Ин нукта аз додаҳои хадамоти санҷиши шабакаҳои интернетии ширкати Ookla бармеояд.
Ба ҳамин минвол Тоҷикистон дар шохиси Speedtest Global Index дар зинаи 129-ум миёни 138 давлат қарор дорад. Маврид ба зикр аст, ки моҳи январи соли 2021 низ Тоҷикистон дар ин сатҳ буд.
Бар асоси омори ироашуда, суръати миёнаи боргирии интернети мобилӣ дар Тоҷикистон 16,15 Мб/с мебошад. Дар ҳоле, ки суръати боргузорӣ 8,00 Мб/с, мебошанд, гарчанде дар қиёс бо нишондодҳои аввали сол каме тағйир ёфтааст.
Дар мавриди интернети ноқилдор низ гарчанде бархе тағйирот сурат гирифтаанд, ин ба мавқеи кишвар дар радабандии ҷаҳонӣ таъсир нагузоштааст.
Дар бахши интернети ноқилӣ Тоҷикистон аз радаи 99-ум ба 104-ум ақиб рафта, суръати боргирӣ 35,45 Мб/с ва боргузорӣ 37,22 Мб/с мебошад.
Баробари ин дар рейтинги Worldwide mobile data pricing, Тоҷикистон миёни 231 кишвар дар зинаи 132-юм қарор гирифтааст, ки нархи миёнаи 1 Гб интернети мобиллӣ 4,6 долларро ташкил медиҳад.