ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар гузаргоҳи Брузги як гурӯҳи муҳоҷирон аз Беларус ба Лаҳистон убур кард, хабар медиҳад Sputnik Беларус.
"Гурезаҳо симчӯбро тахриб намуданд <...>, пулиси Лаҳистон ҳама чизро наворбардорӣ кард", - гуфта мешавад дар канали "Telegram"-и агентӣ.
Дар видео дида мешавад, ки даҳҳо нафар марзи Беларусро убур кардаанд. Дар ҳамин ҳол Кумитаи давлатии марзбонии Беларус гуфтааст, ки камтар аз сад паноҳанда аз марз гузаштааст.
Дар Варшава гуфтанд, ки нерӯҳои амниятии Беларус ба муҳоҷирон кӯмак кардаанд, аммо Минск ин хабарро рад кард.
Ҳанӯз тобистони имсол дар марзи Беларус бо Лаҳистон ва кишварҳои соҳили Балтика теъдоди гурезаҳо аз Ховари Миёна ва Африқо, ки мехоҳанд ба Аврупои Ғарбӣ гузаранд, афзоиш ёфта буд.
Вазъият 8 ноябр, вақте ки тақрибан ду ҳазор нафар дар марз ҷамъ омад, вахим шуд.