ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Денис Нестеров, муовини раиси шаҳри Каменск-Уралск ба русҳое, ки намехоҳанд зидди коронавирус ваксина гиранд, тавсия дод, ки кишварро тарк кунанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба портали "e1.ru" хабар додааст.
Вай гуфтааст, афроде, ки ваксина гирифтаанд, қоидаҳои муқарраршуда дар саросари кишварро риоя мекунанд.
"Чаро дар паҳлуи ман одамоне ҳастанд, ки ин қоидаҳоро риоя кардан намехоҳанд? Агар шумо қоидаҳоро риоя кардан нахоҳед, кӯчед. Онҳо одатан аз куҷо менависанд? Аз Канада, Беларус, одатан аз дигар кишварҳо чунин шарҳҳоро менависанд”, - гуфт мансабдор.
Қаблан раиси Ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский пешниҳод карда буд, барои онҳое, ки зидди эмгузаронӣ алайҳи коронавирус ҳастанд, ҷазои ҷиноӣ таъйин шавад.
Вай гуфт, агар вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ боиси сирояти одамон шавад, гунаҳкор бояд то 7 сол зиндонӣ шавад.
Ӯ ҳамчунин тақозо кард, ҳизбҳое, ки намояндагони онҳо зидди эмгузаронӣ ҳастанд, пароканда ва худи сиёсатмадорон боздошт шаванд.
Вазъи коронавирус дар Русия вахим боқӣ мемонад: дар охири моҳи октябр шумораи ҳаррӯзаи мубталоён бори аввал аз 40 ҳазор нафар гузашт ва рӯзи 6 ноябр ба ҳадди аксар, 41,3 ҳазор нафар расид.
Дар баробари ин дар ин кишвар мизони рекордии фавт аз COVID-19 сабт шуд: аз 26 октябр ҳамарӯза беш аз 1,1 ҳазор нафар мефавтад.
Ваксина ҳамчун бехатартарин шакли муҳофизат боқӣ мемонад. Имрӯз теъдоди шаҳрвандони Русия, ки ҳадди ақал як ваксинаро гирифтаанд, аз 60 миллион нафар бештар аст.
Масъунияти оммавӣ 48 фоизро ташкил медиҳад.