ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский манотиқи ҷануби Русияро фасодзадатарин хонд.
Порчае аз суханронии ӯро шабакаи телеграми "Ura.ru" нашр кардааст.
"Ҷануб ҳоло ҳам пӯсидатарин қисми Русияи подшоҳӣ, шӯравӣ, давраи Елтсин ва Горбачёв аст. Ҳама чиз пӯсида аст!" - гуфт сиёсатмадор.
Ӯ таъкид кард, ки инро аз таҷрибаи худӣ медонад, зеро "дар он ҷо зиндагӣ кардааст".
Ба гуфти ӯ, "дар идораҳои Маскав ба чизе сарфаҳм намераванд" ва намояндагони минтақаҳои ҷанубӣ меҳмонон аз пойтахтро бо нону намак ва қолину икра дар ҳавопаймо пешвоз мегиранд.
Қаблан Жириновский аз амалкарди болшевикҳо дар замони Инқилоби Октябри соли 1917 интиқод карда, ҳама инқилобҳоро нафратовар номид.
У қайд намуд, ки то воқеаҳои соли 1917 мамлакат аз ҷиҳати иқтисодӣ дар қатори пешқадамони ҷаҳон буд, вале имрӯз танҳо ба он талош дорад.
Ногуфта намонад, ки Владимир Волфович бо ташаббусҳо ва изҳороти зидду нақизи худ маъруф аст.
Гоҳ ӯ барои ихроҷи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ аз Русия мубориза мебарад ва гоҳе пешниҳод мекунад, ки бо онҳо деҳаҳои партофташударо пур кунанд.
Ахиран роҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия пешниҳод карда буд, ки ҳамаи русҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Русия кӯчонида шаванд.