Қарори Рустами Эмомалӣ барои таҷлили Рӯзи Президент дар Душанбе

Дар Душанбе Рӯзи Президент бо барномаи рангоранг таҷлил мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барномаи мақомот дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи президентро тасдиқ кард, хабар медиҳад, хадамоти матбуотии шаҳрдорӣ.
Гуфта мешавад, ки барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин рӯз баргузории конференсияҳои илмӣ – назариявӣ, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин барои сокинону меҳмонони пойтахт мусобиқаҳои варзишӣ низ дар назар дошта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли оилааш - аксҳои нодир дар Рӯзи президент
Тибқи қарори Рустами Эмомалӣ, муовинони раиси шаҳр ва раҳбарияти ноҳияҳо ба иҷрои барномаи мазкур вазифадор гардидаанд.
Бояд гуфт, Рӯзи президент 5 сол боз дар Тоҷикистон таҷлил мешавад.
Чунин қарор 15 апрели соли 2016 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумат қабул шуд.
Ҳамин тавр пас аз ислоҳи Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ҳамасола 16 ноябр дар Тоҷикистон, бидуни истироҳат Рӯзи Президент таҷлил мешавад.