ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар қатори се нафаре, ки дар иди касбии кормандони милиса рутбаи генерал - майорро гирифтанд, Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод низ мебошад.
Бар асоси гузориши тасвирии дафтари матбуотии раисҷумҳур, рутбаи генералиро Эмомалӣ Раҳмон ба Рустам Мирзомуродзода зимни чорабиниҳои ҷашнии бахшида ба Рӯзи милисаи тоҷик тақдим намуд.
Мирзомуродзода аз моҳи майи соли 2020 дар мақоми сардори раёсати умури дохилии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон фаъолият мекунад.
Ӯ 52 сол дошта, дар мақомоти умури дохилӣ аз соли 1991 фаъолият дорад. Мирзомуродзода фаъолияташро аз нозири БДА дар вилояти Кӯлоби собиқ оғоз карда, баъдан дар мақомҳои сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон, сардори Хадамоти давлатии "Муҳофиза" дар вилояти Хатлон, сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Суғд, сардори шуъбаи бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе ва муовини сардори РВКД дар ВМКБ фаъолият намудааст.
Дар чорабинии ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи милиса зикр гардид, ки дар даврони истиқлол 100 нафар бо рутбаҳои олии афсарӣ гирифта ва ба 670 нафар мукофотҳои давлатӣ тақдим шудааст