ДУШАНБЕ, 10 ноя – Sputnik. Дар Миср як оилаи навбунёд баъди он ки мард ҳамсарашро бори нахуст бидуни рангу бор дид, аз ҳам пошид, менависад "Gulfnews".
Гуфта мешавад, мард дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо як бону шиносу мафтунаш шуд ва дар зудтарин фурсат ҷашни арӯсӣ доир кард.
Зимнан пас аз маросими арӯсӣ, вақте бори нахуст ҳамсафари зиндагияшро бидуни ороиш дид, зуд тасмим гирифт, ки аз ӯ ҷудо шавад.
"Ман ҳайрон шудам, зеро занам ба бонуе, ки қабл аз издивоҷ бо ӯ чанд бор вохӯрдам, ҳеҷ монандие надошт. Аксҳои ӯро дар "Facbook" дида будам. Аммо бидуни ороиш ба худаш тамоман монанд нест", - шиква намудааст ӯ дар додгоҳ.
Манбаъ меафзояд, феълан тасмими додгоҳ маълум нест, вале зану мард аллакай якҷоя зиндагӣ намекунанд.