Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Коронавирус ба Тоҷикистон баргашт? Вазорат аз мариз шудани ду нафар хабар дод

Вазорат мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ду нафар аз бемории коронавирус шифо ёфтанд. Ба эҳтимоли зиёд ин ду нафар бемороне ҳастанд, ки ин ниҳод аз бемор шудани онҳо хабар дода буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон пас аз танаффуси қариб якмоҳа боз ду мавриди бемории шаҳрвандон ба коронавирвус сабт гардид.
Дар ин бора Вазорати беҳдошт хабар дода, изҳор доштааст, ки ду нафар шабонарӯзи гузашта гирифтори коронавирус гардиданд. Ин ниҳод ҳамчунин зикр намуд, ки рӯзи гузашта боз ду нафари дигар аз вируси COVID-19 шифо ёфтанд.
Ба эҳтимоли зиёд ин ду нафар бемороне буданд, ки вазорат рӯзи 15 октябр аз мариз шудани онҳо хабар дода буд.
Гуфта мешавад, дар 24 соати гузашта ягон нафар аз ин беморӣ нафавтидааст.
Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Сукути пеш аз тӯфон ё изтироби дурӯғин: вазъи коронавирус дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
Манбаъ меафзояд, аз пайдоиши ин вурис то 9 ноябр дар Тоҷикистон 17 088 нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то таърихи зикргардида 16 962 кас шифо ёфтааст.
Илова бар ин аз коронавирус дар Тоҷикистон 124 нафар ҷон бохтааст.
Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрели соли 2020 расман таъйид шуд.
Феълан ваксинзанӣ дар Тоҷикистон идома дорад ва шаҳрвандони аз 18-сола боло дар сартосари кишвар ба таври ройгон, бо ваксинаҳои "CoronaVac", "AstraZeneca", "Moderna", "Pfizer" ва "Спутник V" моякӯбӣ мешаванд.