ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ дидору мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар ин дидор ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисодро баррасӣ карданд.
"Аз ҷумла ташвиқи сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва дигар мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки сиёсатмадорон ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ баҳри тавсеаи баъдии муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар иброз карданд.
Ёдовар мешавем, ки пештар сафири Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо раиси вилояти Ҳурмузгони Эрон Маҳдии Дӯстӣ мулоқот ва масъалаҳои истифодаи имконоти бандарҳои он, бавижа Бандараббосро дар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа баррасӣ карда буд.
Ин бандар яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷоратию иқтисодии Эрон ва кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс ба ҳисоб меравад.