ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон анбори як шаҳрванди Қирғизистон ба коми оташ рафт, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон.
Сӯхтор рӯзи 9-уми ноябр, тахминан соати 5:30 дар минтақаи Дахмаи вилояти Бодканд, дар наздикии хатти сарҳади давлатӣ рух додааст.
Бино ба гузориши мақомот, сӯхтор то соати 6:15 хомӯш карда шуд.
Дар хабар омадааст, ки мақомоти зирабт ба таҳқиқи сабабҳои сӯхтор шуруъ кардаанд.
Дар умум вазъ дар марз субҳи 9-уми ноябр нисбатан муътадил арзёбӣ мешавад.
Ёдрас менамоем, ки рӯзе пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сӯхторе пайдо шуда буд, ки гуфта мешуд, дар Ворух, дар маҳаллаи Мари Қурум рух додааст.