ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар Осиё ҷанги сеюми ҷаҳонӣ сар мезанад. Дар ин бора раиси собиқи парлумони Урупо Мартин Шултс зимни суханронӣ дар Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳони ба номи Е.М. Примакови Академияи илмҳои Русия изҳори назар кард.
Сиёсатмадор гуфт, эҳтимоли бархӯрди мусаллаҳона байни қудратҳои ҷаҳонӣ бо афзоиши таниш байни Чин ва Иёлоти Муттаҳида меафзояд. Ба гуфти вай, ҷанг аз Осиё ба Урупо паҳн мешавад.
Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон хатарнок, пешгӯинашаванда ва ноустувор аст. Аксари кишварҳо кӯшиш мекунанд, хатарҳои беруниро коҳиш диҳанд ва тартиботи дохилиро барқарор созанд. Аз ин рӯ мавқеи худро ҳимоя ва ҳифз кардан лозим мешавад.
Бар хилофи вазъияте, ки 30 сол пеш дар ҷаҳон ба вуҷуд омада буд, маркази амалиёти ҷанг ба Осиё кӯчида истодааст, гуфт Шултс.
"Барои бисёриҳо вазъ дар он ҷо нисбат ба Урупо ҷиддитар ба назар мерасад. Муноқиша дар Осиё ба Иттиҳодияи Урупо таъсири мустақим хоҳад дошт ва хатари густариши низоъ ба минтақаи мо комилан воқеӣ аст", - гуфт сиёсатмадор.
Илова бар ин Шултс таъкид кард, ки равобити муташанниҷи миёни Русия ва Урупо набояд ба ҳамкориҳои Русия ва Олмон халал расонад. Давлатҳо бояд барои пешгирӣ кардани ҷанҷол ва паст кардани шиддати вазъ якҷоя амал кунанд.
"Бад шудани вазъ ва тафсири нодурусти амалҳо метавонад боиси муноқишаи низомӣ шавад", - гуфт Шултс.
Коршинос ҳамчунин аз тағйирёбии иқлим ёдовар шуда, ба муборизаи муштарак дар ин хусус таъкид кард.