ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалӣ ба гирифтани 39 медал даст ёфтанд, хабар медиҳад Сараёсати маорифи пойтахт.
Ба иттилои манбаъ, олимпиадаи мазкур аз 31 октябр то 7 ноябр дар шаҳри Анталия сурат гирифт ва Тоҷикистонро 59 толибилм намояндагӣ кард.
Манбаъ меафзояд, 39 нафар аз хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ даст ёфтанд. Аз ҷумла 10 нафар медали тило гирифта, 12 нафар медали нуқра ва 17 тани дигар ба гирифтани медали биринҷӣ муваффақ шуданд.
Хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар ин олимпиада аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, химия ва биология ширкат варзиданд.
Зикр гардид, ки хонандагони шаҳри Душанбе аз фанни забони англисӣ соҳиби ҷоми олимпиадаи мазкур гаштанд.