ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ҷабҳаи муқовимат мошини зиреҳпӯши "Толибон"*-ро дар Панҷшер нест кард, хабар медиҳад шабакаи телеграмии Sputnik Афғонистон бо такя ба хабаргузории "Amaj News".
Бино ба гузориши манбаъ, дар пайи ин ҳамалот мошини зиреҳпӯши "Толибон"* нобуд шудааст.
Аз талафоти ҷонӣ миёни сарбозони Ҷабҳаи муқовимат ва "Толибон"* хабар дода нашудааст.
Пештар хабар дода шуд, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон танҳо маконҳои кӯҳии Панҷшерро дар даст дорад.
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон амалан 16 август, як рӯз баъд аз суқути Кобул дар дараи Панҷшер аз сӯйи фармондеҳони ҷиҳодӣ ва бақоёи пулису урдӯи собиқ, дар умум нерӯҳои зиддитолиби Афғонистон эъломи мавҷудият карда буд.
Раҳбарии онро Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати аввали Афғонистон (1996-2001) ба дӯш дорад. Ҷабҳаи муқовимат дар ҳоли ҳозир дар ягон маркази маъмурӣ дар Афғонистон ҳузур надорад. Нерӯҳои он дар баландкӯҳҳои вилояти Панҷшер ва минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон бо “Толибон”* муқовимат мекунанд.
* - созмони таҳти таҳримоти СММ барои фаъолияти террористӣ