ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои дуҷониба ва мутақобилан судманди Чину Тоҷикистон ба Душанбе як бастаи навбатии ваксинаи зидди коронавирус оварда шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.
Дар маҷмуъ Тоҷикистон 500 000 ваксинаи"КоронаВак", истеҳсоли ширкати "Sinovac Research & Development Co. Ltd"-и Чинро дастрас кард.
Намояндагони Вазорати тандурустӣ, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати Чин дар Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ним миллион ваксини зидди коронавирусро гирифтанд.
Гуфта мешавад, ки бастаи бузурги воридшуда дар анборҳои махсуси Вазорати тандурустӣ нигоҳ дошта шуда, тибқи нақшаи миллии эмгузаронӣ дар кишвар истифода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти ахир, Тоҷикистон аллакай 5 миллиону 187 ҳазор воя барои мубориза бо коронавирус дарёфт кардааст.
Таъминот аз ҷониби шарикони рушд тавассути Механизми глобалии дастрасии одилона ба ваксинаҳо (COVAX), инчунин тавассути кӯмаки башардӯстона аз кишварҳои донор дастрас карда мешавад.
Феълан дар Тоҷикистон 5 намуд ваксинаи зидди COVID-19 мавҷуд аст, ки инҳо "КоронаВак", "Aстразенка", "Mодерна", "Pfaizer" ва "Спутиник V" мебошанд.
Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо коронавирус, аз 3 июли соли ҷорӣ шаҳрвандони аз 18-сола боло ройгон бо ваксина таъмин карда мешаванд.