ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Беларус Иван Кубраков гуфт, муҳоҷирон аз Ховари Миёна ба таври қонунӣ дар сарҳади ин кишвар қарор доранд ва ҳеҷ қонуншикание ба қайд гирифта нашудааст.
"Ҳеҷ гуна нақзи қонун аз ҷониби муҳоҷирон ба мушоҳида нарасидааст. Онҳо ба таври қонунӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Беларус қарор доранд", - изҳор дошт ӯ ба Sputnik.
Рӯзи душанбе Кумитаи давлатии марзбонии Беларус хабар дод, ки гурӯҳи бузурги паноҳандагон аз кишварҳои Шарқу Африқо ба марзи Беларус ва Лаҳистон рафтаанд.
Бегоҳи ҳамон рӯз департамент хабар дод, ки вазъияти гурезаҳо дар сарҳади Беларус бо Лаҳистон ниҳоят вахим аст.
Гуфта мешавад, дар назди монеаҳои Лаҳистон дар сарҳад зиёда аз ду ҳазор нафар гуреза, аз ҷумла занону кӯдакон ҷамъ омадаанд.