Муҳимтарин рӯдодҳои 9 ноябр дар ҷаҳон
Соли 1918 дар Фаронса аввалин шумораи рӯзномаи "Роте Фане" нашр шуд.
Соли 1951 ИМА аввалин бор санҷиши зеризаминии бомби ҳастаӣ гузаронд.
Соли 1956 Маҷмаи конститутсионии Ветнами Ҷанубӣ ба фаъолият оғоз кард.
Соли 1963 дар Ҷопон дар натиҷаи таркиши кон наздик ба 450 нафар ба ҳалокат расид.
Соли 1992 Шартномаи мусаллаҳшавии муқаррарӣ дар Урупо амалиётӣ шуд.
Муҳимтарин рӯйдодҳои 9 ноябр дар Тоҷикистон
Соли 2007 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи ифтитоҳи консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбургро имзо кард.
Соли 2008 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон оғоз гардида, 4 рӯз идома ёфт.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Маскав ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид.
Соли 2011 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.
Соли 2012 масъалаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Туркия муҳокима шуд.
Соли 2015 дар шаҳри Душанбе доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.
Соли 2017 мунтахаби то 19-солаи футболи Точикистон таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар бозии охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018, дар гурӯҳи "В" дастаи мунтахаби то 19-солаи Узбакистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба сабқати муҳташами қора роҳхат ба даст овард.
Соли 2017 Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди баъзе аз биноҳои соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияҳои Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Варзоб санги асос гузошт.
Ҷашнҳои рӯзи 9 ноябр
Рӯзи байналмилалии мубориза бо фашизм ва нажодпарастӣ.
Дар Камбоҷа - Рӯзи истиқлол.
Дар Озарбойҷон – Рӯзи парчами давлатӣ.
Рӯзи 9 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст?
Соли 1917 – кинорежиссёр, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Абдусалом Раҳимов.
Соли 1937-2010 – Қаҳрамони 13-каратаи ИҶШС Иброҳим Ҳасанов.
Соли 1942 – композитор, раиси Ҷамъияти Олмону Тоҷикистон Фирӯз Баҳор.
Соли 1947 – Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ғолиб Исломов.
Соли 1951 – раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳаров.
Соли 1955 – сароянда ва композитор Маҳмадалӣ Увалов.