Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Роспотребнадзор гуфт, COVID чӣ гуна тағйир ёфтааст

Намояндаи Роспотребнадзор мегӯяд, нишонаҳои коронавирус бештар ба зуком ва бемориҳои шадиди роҳи нафас шабоҳат доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Аломатҳои коронавирус беш аз пеш ба бемориҳои шадиди роҳи нафас ва зуком монандӣ пайдо кардааст, хабар медиҳад РИА "Новости" аз қавли профессор Наталя Пшеничная, намояндаи Роспотребнадзор.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло аксари беморон ба дарди гулӯ гирифитор мешаванд ва гум шудани эҳсоси бӯй ва таъм кам ба назар мерасад.

"Аломатҳо торафт ба бемории зуком ё бемориҳои шадиди роҳи нафас шабоҳат доранд, - афзудааст ӯ.

Дар идома ӯ қайд намуд, ки дар 30-50 дарсади ҳолатҳо дарунравӣ ва дигар мушкилот аз меъдаю рӯда ҳангоми cap шудани беморӣ ба амал меояд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Маълум шуд, ки чӣ миқор антител инсонро аз штамми "делта" ҳифз мекунад
Вай қайд кард, ки вирус ҳатто пас аз шифо ёфтан метавонад дар рӯдаҳо афзоиш ёбад ва дар баъзе беморон пас аз чанд моҳи беморӣ дар он ҷо пайдо мешавад.