ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон пас аз анҷоми шартномаи Усмон Тошев беш аз шаш моҳ бе мураббӣ буд.
Ҳанӯз дар тобистон Федератсияи футбол эълон кард, ки ҷустуҷӯи мураббӣ оғоз шудааст, аммо то ҳол эълон нашудааст, ки дастаро кӣ роҳбарӣ мекунад.
Барои бозии навбатии дӯстона бо тими Қазоқистон ФФТ муваққатан мутахассиси барҷаста Мубин Эргашевро мураббӣ таъйин кард.
Аммо барои бозиҳои соли 2022, аз ҷумла дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё тими миллии футболи Тоҷикистон мураббии нав хоҳад дошт. Он мутахассиси хориҷӣ хоҳад буд.
Як манбаи огоҳи Sputnik Тоҷикистон аз довталабон ном набурд, вале гуфт, ки сарварии дастаро мураббӣ аз хориҷи кишвар ба уҳда хоҳад гирифт.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки собиқ бозигари "Спартак" Андрей Тихонов барои раҳбарии тими миллии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Аммо баъдан ФФТ хабари тамос бо ӯро рад кард.
Як довталаби дигар, ки Sputnik Тоҷикистон тавонист дар бораи он бифаҳмад, Яҳё Гулмуҳаммадӣ, мураббии “Персеполис”-и эронӣ аст.
Яҳё Гулмуҳаммадӣ зимни ҳузураш дар Тоҷикистон гуфта буд, агар барояш пешниҳоди ҷиддӣ барои роҳбарии тими миллии Тоҷикистон шавад, омодааст, ки онро баррасӣ кунад.