ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел пас аз тарки мақом дигар қасди машғул шудан ба сиёсатро надорад. Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо расонаҳои "Deutsche Welle" изҳор дошт.
"Ба саволи ин ки баъдан чӣ кор мекунам... дигар ба сиёсат машғул намешавам", - гуфт сиёсатмадор.
Ба гуфтаи ӯ, аввал мехоҳад истироҳат кунад, хоб кунад ва баъд аз чанд моҳ маълум мешавад, ки чӣ кор кунад.
Ӯ иқрор шудааст, ки рӯзҳои охирини раёсаташро бо худоҳофизӣ мегузаронад. Меркел афзуд, ки аз як сӯ хушҳол аст, ҳарчанд мефаҳмад, ки ғамгин хоҳад шуд, зеро кор ҳамеша ба ӯ лаззат мебахшид.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр Ангела Меркел, садри аъзами муваққати Олмон шуд. Вай расман аз вазифаи сардори ҳукумат истеъфо дод. Бо вуҷуди ин Меркел ба нафақа намеравад.
Бо дархости президент Франк-Валтер Штайнмайер, ӯ ва дигар аъзои кобинаи ҳукумат муваққатан фаъолият мекунанд.