Коршинос: Вазъ дар Лаҳистону Беларус муташанниҷ аст

Ба гуфтаи коршинос, дар сарҳади Лаҳистон ин гуна ташаннуҷи авзоъ аз соли 1939 ба ин сӯ рух надодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Вазъият дар сарҳади Лаҳистон ва Белорус ниҳоят вазнин аст, гуфт коршиноси ҳарбӣ Ежи Калитский.

"Он чӣ рух дода истодааст, ғайриоддӣ аст. Вазъият аз он сабаб бадтар мешавад, ки мо ҳоло намедонем, баъд чӣ мешавад, муҳоҷирон чӣ кор хоҳанд кард, нерӯҳои амниятии Беларус онҳоро ба чӣ водор мекунанд ва онҳо ба ҳамла мераванд ё не", - изҳор доштааст ӯ ба РИА "Новости".

Ба гуфтаи коршинос, дар сарҳади Лаҳистон ин гуна вазъи шадид аз соли 1939 ба ин сӯ мушоҳида нашудааст.
Вай қайд кард, ки афзоиши қобили мулоҳизаи шумораи сарбозони артиши Лаҳистон дар марз бо Беларус аз ташдиди вазъ дарак медиҳад.
Қаблан нерӯҳои дифои марзии Лаҳистон хабар дода буданд, ки 100 фисади сарбозон ба амалиёт омодаанд.
Вазири мудофиаи миллии Лаҳистон, Мариуш Блашчак дар навбати худ гуфт, ки шумораи сарбозони артиши ин кишвар дар марз ба 12 ҳазор нафар расидааст.