ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар Русия ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус ҳамоно рӯ ба афзуншавӣ дорад. Ҳарчанд як ҳафта дар ин кишвар ғайрикорӣ эълон шуда буд, ҳолатҳои нави ибтило ба вируси COVID-19 ҳамоно зиёд аст.
Бинобар иттилои Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус, шабонарӯзи гузашта дастикам 39 400 нафар тоза гирифтори ин дард шуд. Ба ҳамин минвол ҳоло теъдоди умумии гирифторони ин дард дар Русия ба 8 834 495 нафар расидааст.
"Дар як рӯзи охир дар 85 минтақаи Русия 39 400 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт гардид", - омадааст дар хабари ситод.
Дар ҳамин ҳол омори ҳамарӯзаи фавтидагон низ коҳиш наёфта, дар 24 соати ахир 1 190 бемор ҷон дод.
Аз ҷумла, дар пойтахт 97 нафар, Санкт-Петербург 85 ва вилояти Маскав 59 гирифтори коронавирус фавтид.
Манбаъ меафзояд, аз замони хуруҷи ин беморӣ дар Русия бар асари он аллакай 248 004 нафар фавтид.