Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Комаровский: Зиндагӣ кардан хоҳед, ваксина гиред

Табиби ва муҷрии барномаҳои телевизионӣ Евгений Комаровский дар бораи зарурати ваксина алайҳи коронавирус гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Евгений Комаров, табиби рус ва муҷрии барномаҳои телевизионӣ дар сафҳаи шахсии худ дар "YouTube" аз зарурати ваксина алайҳи бемории коронавирус гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ҷаҳон аз ваксинаи коронавирус дида, дигар доруи омӯхташуда вуҷуд надорад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Рӯзҳои ғайрикорӣ ҳам коронавирусро дар Русия коҳиш надод: Омори нав
Комаровский тавзеҳ дод, ки гирифтани ду воя ваксин масунияти қавиро дар бадани инсон ба вуҷуд меорад. Ӯ нафарони аз 65 -сола болоро тавсия додааст, ки дар сурати доштани бемориҳои музмин бори савум, ҳатто чоруму панҷум ҳам алайҳи ин дард ваксина гиранд.
"Зиндагӣ кардан мехоҳед, намехоҳед мариз шавед? Пас мушкил дар чӣ аст? Ваксина гиред!", - изҳор доштааст Комаровский.
Ин табиб мегӯяд, шояд дар оянда детлаҳои нав пайдо шаванд ва "ягона роҳи эмин мондан аз ин вирусҳо танҳо моякӯбӣ шудан аст".
Ба гуфтаи вай, дар сайёра аллакай беш аз 7 миллиард ваксинаҳои COVID-19 истифода шудаанд.