ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Ба иттилои Созмони тавсеаи тиҷорат, ройзани собиқи Эрон дар Афғонистон бо баёни ин ки давлати ҷадиди ин кишвар ба таври расмӣ эълом кард, равобити ҳасанаи иқтисодии худро бо кишварҳои ҳамсоя ҳифз мекунад, гуфт, дар иблоғияи расмӣ таъкид шуда, ки маҳдудияте дар тараддуди мошинҳои эронӣ эҷод нашавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс тудэй”.
Муҳаммадмаҳдӣ Ҷавонмарди Қассоб, ройзани собиқи Эрон дар Афғонистон афзуд, ки дар иблоғияи расмӣ бар адами эҷоди маҳдудият дар тараддуди мошинҳои эронӣ аз сӯи Афғонистон таъкид шудааст.
Ба гуфтаи ройзани собиқи Эрон дар Афғонистон, масири транзитии миёни Эрону Афғонистон тибқи равиши гузашта боз будаву ҷараёни коло дар ду сӯйи марзҳо барқарор аст.
Дар моҳҳои гузашта ба далели бархе таҳаввулот дар арсаи сиёсиву низомии Афғонистон тараддуд дар марзҳо бо мушкилоте мувоҷеҳ шуд, аммо акнун вазъият ором шудааст.