ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Фарҳон Ҳақ, муовини сухангӯи Дабири кулли Созмони милал эълом кард, барои кумак ба 11 миллион нафар дар Афғонистон ин кишвар ба кумаки молии 606-миллиондолларӣ ниёз дорад, ки то кунун 54 дарсади он таъмин шудааст.
Вай ҳамчунин қайд кард, Созмони милал наметавонад пули нақд ва манобеи молии лозимро барои интиқоли кумакҳои инсондӯстона ба миллионҳо нафар аз мардуми Афғонистон, ки бо гуруснагӣ мувоҷеҳанд, таҳия кунад, вале талош дорад, гузинаҳои дигареро барои эҷоди субот дар иқтисоди дар остонаи фурӯпошидагии Афғонистон пайдо кунад.
Ҳамзамон созмонҳои вобаста ба Созмони Милал барои муқобила бо буҳрони нақдинагӣ дар Афғонистон талош мекунанд, мақодири ҳангуфте аз долларҳои ин кишварро вориди Афғонистон кунанд.
Интиқоли доллар ба Афғонистон аз замони ба қудрат расидани “Толибон” (мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон) мутаваққиф шудааст ва ба гуфтаи мақоми Созмони милал, агар кишварҳо ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ иқдоме дар ин замина анҷом надиҳанд, Созмони Милал бояд ин норасоиро пур кунад.