Савгандёдкунии наваскарони КДАМ дар ҳузури раиси нави ВМКБ

Алишер Мирзонабот, раиси навтаъйини Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар маросими савгандёдкунии наваскарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иштирок кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Наваскарони қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ВМКБ дар як маросими тантанавӣ савганд ёд карданд, хабар дод дафтари матбуотии ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот наваскароронро шодбош гуфта, ба навдаъватшавандагон далериву матонат ва дар иҷрои вазифаи пуршарафашон барор хост.

"Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Тоҷикистон ҷавонони зираку чолок ва ватандӯсту сулҳпарвар дар ҳифзи марзу буми Ватан саҳми назаррас гузошта истодаанд", - изҳор доштаст Мирзонабот дар хитоб ба наваскарон.

Маврид ба зикр аст, ки ахиран генерал Алишер Мирзонабот дар вазифаи раиси ВМКБ Ёдгор Файзовро иваз кард.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Генерал Алишер Мирзонабот раиси нави ВМКБ кист?
Мирзонабот то расидани ба ин курсӣ дар мансаби раиси шаҳри Хоруғ кор мекард, ки соли 2020 ба ин вазифа расида буд. Тайи ду сол муовини раҳбари ВМКБ ҳам буд.
Номбурда рутбаи генерал-майор дошта, то соли 2018 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор карда буд. Рутбаи генералиро номбурда соли 2019 ба даст овард.