Саакашвили навори гӯиё ғизохӯрияшро шарҳ дод

Михаил Саакашвили, раисҷумҳури пешини Гурҷистон дар пайи нашри наворе, ки дар он гӯиё ғизохӯрии президенти собиқ инъикос ёфтааст, вокуниш кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Раисҷумҳури пешини Гурҷистон, ки аз замони боздошташ дар аввали моҳи октябр гуруснанишинӣ эълон кард, ғизохӯрияшро рад карда, навори нашршударо тавзеҳ додааст, хабар дод РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, Саакашвили мегӯяд, дар навор лаҳзаи истеъмоли дору дар утоқи табиб сабт шудааст ва таъкид намудааст, ки тановули ғизо танҳо дар утоқи нигоҳдории боздоштшудаҳо иҷозат аст. Раисҷумҳури пешин афзуд, ки гуруснанишинияшро идома дода истодааст.
Ахиран мақомоти адлияи Гурҷистон навореро аз дастгоҳҳои назоратӣ нашр карданд, ки дар он лаҳзаи истеъмоли чизе аз ҷониби Саакашвили сабт шудааст.
Чигуна Украина барои кишварҳои пасошӯравӣ дарс шуд
Маврид ба зикр аст, 1 октябр сарвазири Гурҷистон Ираклий Гарибашвили иттилоъ дод, ки Саакашвили дар Ватан боздошт шуд. Раиси Ҳизби "Орзуи гурҷӣ" - "Грузинская мечта"-и ҳоким Ираклий Кобахидзе изҳор дошт, ки Саакашвили нияти анҷоми табаддулоти давлатӣ дар ин кишварро дошт.
Худи раисҷумҳури пешини Гурҷистон эълон карда буд, ки то интихобот ба мақомоти маҳаллии худидора, ки 2 октябр баргузор шуд, ба Ватан бармегардад. Рӯзи 2-юми октябр сокинони 64 шаҳру навоҳии Гурҷистон раисону вакилонашронро интихоб карданд.
Алайҳи Саакашвили якчанд парвандаи ҷиноӣ дар Гурҷистон боз шуда, қаблан дар ғайбаш ӯро дар робита ба қатли бонкдор Сандро Гиргвлиани, латукӯби Валерий Гелашвили мутаносибан ба се ва шаш соли зиндон маҳкум карда буданд.
Инчунин Саакашвили аз ҷумлаи муттаҳамон дар доираи парвандаҳои парокандасозии ҳамоиши мухолифин дар 7 ноябри соли 2007, бетартибиҳо дар телевизиони "Имеди" ва исрофи буҷаи давлатӣ мебошад, ки феълан баррасии онҳо аз ҷониби додгоҳҳо идома дорад.