Низомиёни Тоҷикистон барои иштирок дар машқҳои СААД ба Қазон расиданд

Дар Русия дар аввали ҳафта яке аз охирин тамринҳои низомии нерӯҳои СПАД дар соли 2021 оғоз мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Намояндагони кишварҳои узви СААД барои баргузории тамринҳои низомии муштараки “Бародарии қавӣ” вориди шаҳри Қазон шуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Ҳавзаи марказии низомӣ.
Намояндагони Беларус дар ин тамринҳои низомӣ бо таҷҳизоти худ иштирок мекунанд. Барои бақияи намояндагони кишварҳои узви СААД Русия муваққатан таҷҳизот хоҳад дод.
Қобили зикр аст, ки машқҳои “Бародарии қавӣ” бо ширкати нерӯҳои СААД дар наздикии Қазон аз 8 то 12 ноябр баргузор мешаванд.
Лапин машқҳои СААД дар тамрингоҳҳои Тоҷикистонро чораҳои ҷавобӣ ба Афғонистон номид
Дар онҳо Русия, Беларус, Қирғизистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон ширкат хоҳанд кард.
Вазифаҳои асосии низомиён аз кор дар урдӯгоҳи гурезаҳо, ҳамроҳии корвонҳо бо кумакҳои башардӯстона ва муқобила бо дастаҳои ҷангҷӯ иборатанд.