Муллокӯчакбоқӣ Муллоҷонов, охирин иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Мастчоҳ даргузашт

Бобои Малокӯчакбоқӣ Муллоҷонов қаҳрамони номдор ва охирин иштирокчии ҶБВ дар ноҳияи Мастчоҳ субҳи имрӯз дар остонаи 100-солагӣ дунёи фониро падруд гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Яке аз иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамони ҷангу меҳнат, ҳоҷӣ ва яке аз афроди номдори Масчоҳ Малокӯчакбоқӣ Муллоҷонов дар сини 97-солагӣ даргузашт.
Малокӯчакбоқӣ Муллоҷонов соли 1924 дар деҳаи Худгифи Сояи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омадаааст.
Ин қаҳрамон дар муҳорибаи Курский Дуга иштирок доштааст. Соли 1944 дар Прибалтика будаасту дар он ҷо як бор ҷароҳат бардоштааст ва баъд аз шифо ёфтанаш боз ба ҷанг рафтааст.
Барои иштирокаш дар набардҳои Прибалтика ордени “Шуҷоат” (За отвага) гирифтааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати собиқадорони ҶБВ рафт
Ин шахс яке аз афроди шинохта ва чанд сол қабл Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳини сафараш ба ноҳияи Масчоҳ ба ӯ дидор карда буд.
Фарзанди Малокӯчакбоқӣ Муллоҷонов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки ҷанозаи марҳум зуҳри имрӯз баргузор ва ҷасади ӯ дар қабристони маҳаллаи Сомониёни ноҳияи Мастчоҳ бо ҳузури хешу пайвандон ва кормандони идораҳои давлатӣ ба хок супурда шуд.