Ҳавои сарду бебориш: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони Тоҷикистон

Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 7 то 12 сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19, дар баъзе ноҳияҳо то 21-26 ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа сард мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст.
Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 сард ва рӯзона 7-12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 7 то 12 дараҷа сард ва рӯзона 0-5 дараҷа гарм хоҳад буд.
Сокинони Хатлонро ҳавои тағйирёбандаи бебориш интизор аст.
Ҳавои сард дар Тоҷикистон то 11 январ идома меёбад
Дар баъзе ноҳияҳо меҳ мефарояд. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон борида, дар баъзе ҳолатҳо шиддати он пешбинӣ шудааст.
Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-2 сард ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм гузориш шудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида меҳ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона то аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм пешгӯӣ шудааст.
Сокинон ва меҳмонони пойтахтро ҳавои тағйирбандаи бебориш дар назар аст. Дамои ҳавои шабона аз 1 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм хоҳад буд.